Боздид аз Донишгоҳи Тсукубаи Япония

Боздид аз Донишгоҳи Тсукубаи Япония

Рӯзи 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Киото ба шаҳри Токио сафар карданд.

Дар шаҳри Токио Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи Тсукуба ташриф оварда, бо роҳбари Донишгоҳ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.

Донишгоҳи Тсукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар руйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон бошад, донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад.

Донишгоҳи Тсукуба дорои 9 факултаи риштаи бакалавр ва 10 факултаи риштаи магистратура, инчунин 7 барномаи докторантура мебошад.

Айни замон дар донишгоҳ наздики 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз он 2 ҳазору 500 нафарашонро донишҷуёни хориҷӣ ташкил медиҳад. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар аст.

Донишгоҳи Тсукуба дар 12 кишвари дунё намояндагии худро кушодааст, ки онҳо барои барқарор кардан ва рушди ҳамкорӣ бо он кишварҳо дар соҳаи илм ва маориф нақши арзанда доранд.

Донишгоҳи Тсукуба бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон низ робитаҳои хубу босамар дорад. То имрӯз байни Донишгоҳи Тсукуба ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Тсукуба инчунин бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хубу дӯстона барқарор кардааст.

Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба” сарфароз гардонда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо барномаи таълиму тадриси донишгоҳ дар толори он дар назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯён баромад карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои олимони Донишгоҳи Тсукуба барои қадршиносӣ ва ба унвони фахрии илмии “доктор” сарфароз гардидан, самимона изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Тсукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ин муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсус таъкид намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла таҷрибаи нодири сулҳофаринии он ва доир ба масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ибрози андеша карданд.

17:45
Search
Explore Tajikistan
Videos
Announcements