Маълумот оид ба заминҷунбӣ дар ҷазираи Кюсу

Сафорати Тоҷикистон дар Япония ба маълумоти ҳамватанон мерасонад, ки тӯли ҳафтаи гузашта дар ҷазираи Кюсу воқеъ дар ҷанубу ғарбии Япония силсилаи зилзилаҳои шадид рӯх дод. Бар асари заминларзаи шадиди 44 нафар қурбон шуданд ва беш аз 1000 нафар осеб диданд. Миёни осебдидагон шаҳрвандони кишвар нестанд. Маркази зилзилаи шадид шаҳри Кумамотои префектураи мазкур буд. Бинобар маълумоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Кумамото шаҳрвандони кишвар дар онҷо ба қайд гирифта нашуданд.

Ҳамзамон 85 километр дуртар аз ш. Кумамото дар ш. Беппу шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат доранд. Шаҳрвандони кишвар донишҷӯён ва аъзои оилаи онҳо мебошанд, ки ба таҳсил машғул мебошанд. Сафорат бо онҳо дар тамоси доимӣ қарор дорад ва аз вазъи онҳо бохабар аст. Иттилоъ дода мешавад, ки нафаре аз шаҳрвандони кишвар осеб надидаанд. Ниҳодҳои салоҳиятдори Япония ҳушдор медиҳанд, ки вазъи хатарноки зилзила дар ояндаи наздик дар ин мавзеҳо дар назар дошта шудааст.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони кишвар изҳори хоҳиш карда мешавад, ки дастуру талаботҳои ҳокимияти маҳаллиро риоя кунанд ва боэҳтиёт бошанд.
Тамоси фаврӣ бо Сафорат рақамҳои +81) 03-6427-2525 мебошад

17:28
Search
Explore Tajikistan
Videos
Announcements